Бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист ва тарғиби эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» насби овезаҳои экологӣ дар вилояти Суғд идома дорад.Чунин овеза аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истиқлол дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр - Маҳаллаи 1 ва кучаи марказии ба номи Шириншоҳ Шотемур насб карда шуд.
Насби лавҳаи экологӣ дар шаҳри Конибодом
Баҳри иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи марказии Исмоили Сомонӣ, ҷамоати деҳоти Шарипов деҳаи Кучкак шаҳри Конибодом баннерҳои экологӣ насб карда шуд, ки мавзӯи асосӣ - ин аз ҷониби СММ эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» мебошад. Солҳои охир насби чунин овезаҳои экологӣ ба ҳукми анъана даромада, боиси баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мегардад.
Насби лавҳаи экологӣ дар ноҳияи Шаҳристон
Бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии экологии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд. Лавҳаҳо дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ва бинои маъмурии бахш насб гардид.
Насби овезаи экологӣ дар шаҳри Панҷакент
Аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент дар шоҳроҳи Самарқанд-Панҷакент дар назди бинои хоҷагии намунавии ёрирасони "Ҳифзи табиат", воқеъ дар ҷамоати деҳоти Саразм баннери ташвиқотӣ насб гардид. Ин иқдом бо мақсади ташвиқу тарғиби 5-умин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пирьяхҳо» роҳандозӣ гардид.