Бо мақсади иҷрои фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзимуҳитизистдарвилоятиСуғд оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2023 аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳитизист дар шаҳри Истаравшанамалиётҳои фаврӣ гузаронида шуд. Ба роҳбарони бозорҳо барои дар давраи тухмигузорӣ ба хариду фурӯш роҳ надодан амрнома дода шуда, дар байни фурӯшандаҳои нуқтаҳои моҳифурӯшӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд. Давоми 15 рӯзи аввали давраи манъи сайди моҳӣ санадҳои азназаргузаронӣ, 5 адад армнома ва 1 адад протокол оиди хариду фурӯши моҳӣ тартиб дода шуд.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Деваштич
Дар асоси нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар нуқтаи санҷиши давлатии техникии ноҳия амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 25 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори аз меъёр зиёди партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда нашуд.
Амалиёти назоратӣ дар ноҳияи Масчоҳ
Тибқи нақшаи корӣ, бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории олами наботот аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Масчоҳ амалиёти назоратӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа дар ҳудуди МД Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд ҳолати ҷамъоварии ғайрирасмии занбӯруғ ошкор карда шуд. Нисбати қонуншикан - сокини ноҳияи Масчоҳ, ҷамоати деҳоти Навбаҳор, деҳаи Сангчашма Холҷигитов Эрҷигит дар асоси моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва моддаи 44-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» протоколи ҳуқуқ-вайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз тарафи бахш чораҳои маъмурӣ андешида мешавад.
Амалиётҳои фаврӣ дар минтақаҳои обанбори Баҳри Тоҷик
Бо мақсади иҷроиши фармоиши сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2023 аз тарафи нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом мунатазам амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуда истодааст. Ҳангоми гузаронидани чунин амалиёт дар обанбори Баҳри Тоҷик 6 адад турҳои бесоҳиб дарёфт ва тариқи сӯзонидан несту нобуд карда шуд. Гузаронидани чунин амалиётҳо дар дигар минтақаҳои обанбор идома дорад.