Аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи Сирдарё овезаи экологӣ бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насб гардид. Ин иқдом бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Ҳадаф аз насб намудани овезаҳои тарғиботӣ баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист, нигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ маҳсуб меёбад.
Иштирок дар Форуми IV оид ба «Нақш ва дурнамои иштироки занон дар идоракунии ҳамгироии захираҳои обӣ дар қисми ба Тоҷикистон мансуббудаи ҳавзаи Сирдарё»
Дар Маркази таълимии Бонки Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Форуми IV Ҳавзавии занон дар чорчӯбаи Муколамаи ҳавзаи Сирдарё баргузор гардид. Форум аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятии «Ассотсиасияи зан ва ҷомеа» ташкил карда шуда, дар он занон аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳои давлативу назоратӣ иштирок доштанд. Тибқи барнома дар Форум мавзуъҳои «Лоиҳаҳои бо об вобастаи Донишгоҳи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон», тамошои видеоролик дар бораи нақши занон дар қисми тоҷикии дарёи Сир, муаррифӣ - натиҷаҳои фаъолияти қитъаҳои намоишӣ, мубодилаи таҷрибаҳои муваффақи деҳқонзанон пешниҳоди иштирокчиён гардид. Аз ҷониби менедҷери лоиҳаи миллии Идоракунии захираҳои об ба аъзоёни доимии Форуми ҳавзавии занон шаҳодатнома супорида шуд. Вазифаи Форуми Ҳавзавии занон дар чорчӯбаи Муколамаи Хавзаи Сирдарё ин ҷалби занон ва фаъол гардонидани иштироки онҳо дар қабул ва таҳияи масъалаҳои мубрами соҳа, идоракунии захираҳои обӣ равона шудааст.
Амалиёти “Ҳавои тоза” барои пешгирии ифлосшавии ҳаво
Тибқи нақшаи корӣ ва бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсати ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, даромади шаҳри Хуҷанд амалиёти «Ҳавои тоза» баргузор гардид. Дар рафти амалиёт ҷиҳати муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ), ҳамагӣ 50 адад нақлиёти автомобилии тамғааш гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда. Дар натиҷаи гузаронидани санҷиш нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳия, вобаста аз ҷойи истиқомат ирсол гардид.
Насби овезаҳои экологӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Ҷиҳати иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят овезаҳои таблиғотии экологӣ насб гардида истодааст. Чунин баннер аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳраки Меҳробод – кӯчаи Рӯдакӣ насб карда шуд. Ҳадаф аз насб намудани овезаҳои тарғиботӣ баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист, нигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ маҳсуб меёбад.