Овезаи экологӣ дар ноҳияи Деваштич насб гардид

  Ҷиҳати иҷрои супориши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор истиқбол гирифтани  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич, кўчаи Исмоили Сомонӣ овезаи тарғиботии экологӣ насб карда шуд. Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич минбаъд бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист, нигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ чунин амлҳоро пешбинӣ кардааст.

Насби овезаи экологӣ дар шаҳри Исфара

  Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои супориши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара дар кӯчаи марказӣ – хиёбони Исмоили Сомонии шањр овезаи экологӣ бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насб гардид. Ҳамчунин, тибқи супоришу тақсимот овезаи мазкур ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 бахшида шудааст.

Таҷлили Рўзи моҳидорон дар вилояти Суғд

 Чун анъана, хар сол якшанбеи дуюми моҳи июл Рўзи моҳидорон қайд карда мешавад. Ин рўз барои тамоми моҳипарварон ва моҳидорон ҳамчун иди касбӣ ба ҳисоб рафта, ҳадафи таҷлили санаи мазкур - ҷалб кардани аҳолӣ ба ин намуди фароғат, тарбияи малакаҳои муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва захираҳои табиии он, аз ҷумла захираҳои моҳӣ мебошад. Ҷиҳати таҷлили Рўзи моҳидорон, тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои моҳи июли соли ҷорӣ дар ҶСК «Таъминоти моҳӣ»-и шаҳри Гулистон бо иштироки намояндаи раёсат - мутахассиси шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, моҳидорони ҷамъияти мазкур маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар рафти он як қатор моҳидорони пешқадам қадрдонӣ карда шудаанд.

Амалиёти “Ҳавои тоза” яке аз роҳҳои пешгирии ифлосшавии ҳаво

  Ҳар моҳ, мунтазам дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида мешавад. Тибқи нақшаи пешбинигардида аз тарафи мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Зарафшон чунин амалиёт ҷиҳати муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз нақлиёт дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ - дизелӣ, бензин ва гази моеъ дар шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент, даромади шаҳр баргузор гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.