joomla

Азнавсозии нуқтаҳои партовпартоӣ

  Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои дар қарори Мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологии шаҳру ноҳияҳо сохтмону таҷдиди нуқтаҳои партовпартоӣ бо маром идома дорад. Дар ин замина бо пешбурди назорати давлатӣ аз тарафи КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ"-и шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи А.Фирдавсӣ, К.Хуҷандӣ, маҳаллаҳои 13, 18, 19 нуқтаҳои партовпартоӣ аз навсозӣ карда шуд. Бояд қайд кард, ки сохтмон ва аз навсозии нуқтаҳои партовпартоӣ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Бӯстон, Масчоҳ, Ҷаббор Расулов низ амалӣ гардиданд.

Обмонии дарахтон дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ

  Бо мақсади сабзу хуррам нигоҳдории муҳити зист, таъмини иҷрои дастуру супориши Кумитаи ҳифзимуҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2024, таҳти 3/12-05-1954 дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ (ҷамоати деҳоти Зарҳалол ва Пошкент)-и шаҳри Истаравшан обмонии шабонарӯзии дарахтони кадди шоҳроҳ ташкил ва гузаронида шуд. Чӣ тавре, ки аз бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан маълумот доданд, шумораи  дарахтон зиёда аз  120 ададро ташкил дода, ин иқдом дар дигар кӯчаву маҳаллаҳо ба роҳ монда мешавад.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Масчоҳ

  Бахшида ба 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Масчоҳ амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Тибқи маълумотҳои шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Масчоҳ 51 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Обмонии дарахтон дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  Бо мақсади аз хушкшавӣ эмин нигоҳ доштани ниҳолҳо дар ҳарорати баланди ҳаво дар шаҳри Хуҷанд ва шоҳроҳи Хуҷанд - Бобоҷон Ғафуров обмонии шабонарӯзӣ ташкил ва гузаронида шуда истодааст. Ин тадбир ҷиҳати иҷрои супориши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2024, таҳти 3/12-05-1954  дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ амалӣ   гардида истодааст.

Вохӯрӣ зери унвони «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

  Ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят дар сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд вохӯрии муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фахриддинзода Фирдавс бо ҷавонони мақомот доир гардид. Бо суханони ифтитоҳӣ муовини сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд  Каримзода Фарҳод вохӯриро оғоз бахшида, доир ба руйдоди таърихӣ - 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои бузурги кишвари соҳибистиқлол, дар давраи начандон  тӯлонии таърихи навини кишвар, ба вуқуъ пайвастани навгониҳои беназир дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ ва инчунин дастоварҳои  мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ин давра суханронӣ намуд. Дар баромади худ ҷавонони фаъоли сарраёсат оид ба нақши назарраси ҷавонон дар фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист, иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои экологӣ, давлативу сиёсӣ, қайд намуда, зикр карда шуд, ки аз ҳисоби умумии кормандони Сарраёсат 74%-ро ҷавонон ташкил дода, ҳамаи онҳо дорои маълумоти олӣ мебошанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.