Дар даҳсолаи охир масъалаҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ яке аз муаммоҳои глобали замони муосир маҳсуб меёбад, ки на танҳо олимон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вазъи имрӯзаи нигаҳдории гуногунии биологиро ба этибор гирифта 22 майи соли 1992 дар конфронси СММ доир ба ҳифзи зист ва рушд, ки дар Рио-де –Жанейро баргузор шуда буд, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣ қабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеъаи ҷаҳонӣ онро соли 1997 тасдиқ намуда ӯҳдадории худро дар доираи Конвенсия қабул кард.
Дар байни гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олами наботот ва ҳайвоноти вилояти Суғд бо рангорангӣ ва хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунад, зеро дар ин ҷо дар масоҳати начандон калон тақрибан 2500 намуди растаниҳои рагдор, ки намояндагони 99 оила ва 698 ҷинси растаниҳо маҳсубанд, дида мешавад.