Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар миқёси вилоят ҷараён дорад. Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ  бо иштироки муовини раиси ноҳия Ҳомидзода Ф., кормандони шуъба ва сокинони ҷамоати Ғозиён маъракаи ниҳолшинонӣ ташкил ва гузаронида шуда, дар қадди роҳҳо зиёда аз 200 бех навниҳолони ҳамешасабзу  ороишӣ шинонида шуд. Тибқи нақшаи тасдиқгашта дар ноҳия соли равон шинонидани 44 ҳазор бех дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ, мевадиҳанда пешбинӣ гардидааст.

Аксияи «Тозагии шоҳроҳ» ва маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

 Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллии давлатии дар пешистода ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дар  шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ ноҳияи Ҷаббор  Расулов аксияи «Тозагии шоҳроҳ» баргузор гардид. Дар он баробари кормандони бахши ҳифзи муҳити зист сокинони ҷамоату деҳот, ҳашарчиён зиёда аз 400 нафар иштирок намуда, қадди шоҳроҳ аз партовҳои гуногун тоза ва 8 метри мукааб партовҳои гуногун бароварда шуд. Ҳамзамон, баҳри татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, сокинони ҷамоату деҳот, фаъолон  дар қадди шоҳроҳ беш  аз 200 бех ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида шуд. Соли равон тибқинақшадарноҳия  шинонидани 36 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣдарназараст.

Идомаи маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Гулистон

  Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарсабзу хуррам намудани шаҳр дар ҳудуди шаҳр дарахтони ороишии ҳамешасабз аз қабили санавбари сӯзанбарг бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода шинонида шуд. И.в Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулин таъкид намуд, ки дар соли 2025 тибқи нақша дар шаҳр бояд беш аз ҳашт ҳазор бех дарахт шинонида шавад ва бояд аз фазои мусоид истифода намуда, барои зебову хуррам намудани шаҳр ҳар чи бештар ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз шинонида шавад.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Шаҳристон

  Баҳри таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»  дар миқёси вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардидааст. Бо мақсади барқарор намудани хатҳои муҳофизатии ҷангал (лесополоса), хатҳои муҳофизати ҳамшафатии шоҳроҳҳо   дар қадди шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд бо иштироки раиси ноҳияи Шаҳристон     Ғафурзода Р. ва муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Абдумаликзода Б.А. маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ ниҳолҳои гуногун, ба монанди ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз 300 бех, бодом – 175 бех, каталпа – 100 бех,  қайроғоч – 100 бех, ҷигда – 125, ниҳоли олуча ва олучаи куҳӣ -  300 бех шинонида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.