Дар асоси супориши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, ба истиқболи 33- юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сабзу хуррамгардонии муҳити атроф обмонии дарахтон дар кучаҳои марказӣ ва қадди роҳҳои шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бӯстон, Гулистон, Хуҷанд, Б.Гафуров, Спитамен ва Айнӣ гузаронида шуд. Ин тадбир аз ҷониби бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо мунтазам роҳандозӣ гардида истодааст.
Насби баннерҳои экологӣ дар шаҳри Истиқлол
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол дар кӯчаҳои марказӣ 3 адад баннерҳои экологӣ насб карда шуд. Боиси қайд аст, ки чунин баннерҳои экологӣ дар миқёси вилоят беш аз 80 адад насб карда шудааст.
Аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» дар вилояти Суғд
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои 20 рӯзи ободонӣ, бахшида ба 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз он ҷумла Хуҷанд, Бӯстон, Конибодом, Истаравшан, Гулистон, Исфара, Истиқлол, Шаҳристон, Спитамен, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Ашт аксияи "Тозагии маҳал ва шоҳроҳ" ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксия 4319 нафар кормандони ташкилоту идораҳо, сокинони маҳаллаҳо фаъолона иштирок намуда, ҳаҷми партовҳои баровардашуда 66 м3-ро ташкил дод.
Ҳашари дастаҷамъона дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
Ба истиқболи ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуд. Рафти шанбегӣ саҳни ҳавлии бино аз алафҳои бегона тоза, панҷараҳо рангубор, партовҳо бароварда ва дигар корҳои ободонӣ ба роҳ монда шуда, гулҳои ороишӣ ва мавсимӣ шинонида шуд.