Б
о мақсади баланд бардоштани огоҳии хонандагон ва таҳкими донишҳои онҳо дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, бо дастгирии Раёсати маорифи вилоят ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд санаҳои 24 то 27 октябри соли 2026 дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумии ғайридавлатии шаҳри Хуҷанд, байни хонандагони синфҳои 7 - 9 семинари омӯзишиву иттилоотӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба раванди банақшагирии миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим роҳандозӣ гардида, дар он ҳамоҳангсози Лоиҳаи нақшаи миллии мутобиқшавӣ Орзу Одинаев ва намояндаи сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят иштирок доштанд. Ҷараёни чорабинӣ ба хонандагон оид ба иқлим, сабабу омилҳои тағйирёбии иқлим, мутобиқшавӣ ба он ва пайомадҳои он, роҳҳои пешгирӣ ва кам кардани таъсири он ба муҳити зист ва инсон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Таъкид гардид, ки тағйирёбии иқлим яке аз мушкилотҳои замони муосир дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, таъсири он ба захираҳои обӣ, гуногунии биологӣ, саломатии инсон ва вазъи умумии муҳити зист торафт бештар эҳсос мегардад.
23 октябр - Рӯзи байналмилалии Бабри барфӣ
С
оли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 23 октябрро Рӯзи байналмилалии Бабри барфӣ эълон кард, то ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавиро ҷиҳати дастгирии талошҳо барои ҳифзи Бабри барфӣ бо назардошти нақши он дар экосистемаи ҷаҳонӣ тақвият диҳад.Бабри барфӣ ё озодапаланг аз ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ба шумор меравад ва ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст. Майдони умумии паҳншавии бабри барфӣ дар Тоҷикистон 87 ҳазор километри мураббаъро ташкил дода, 70 дарсади макони зисти он дар шарқи Бадахшон ҷойгир аст. Дар асл ин 70 % ҳудуди Тоҷикистон ва тақрибан 3% мавзеи муосири ҷаҳонии ин ҳайвони нодир мебошад. Бабри барфӣ ё ирбис як даррандаи калон буда, ин гурбаҳои ваҳшӣ асосан дар кӯҳҳо, дар баландии аз 3500 то 6000 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ онҳо ба таври қонунӣ ҳайвони аз ҳама дар баландтарин кӯҳҳо сукунат дошта дар ҷаҳон ҳисобида мешаванд. Ин ҷонвар ба сардии ҳаво тобовар аст, аз ин рӯ онро Бабри барфӣ ном мебаранд. Дар зимистон Бабри барфӣ ранги хокистарранг дорад, ки ин як падидаи олиҷаноб аст барои ниқобпӯшӣ. Пусти он хеле ғафс ва мулоим буда, он аз шароити хунук ва шадиди зист муҳофизат мекунад. Гарчанде, ки онҳо дар баландкӯҳҳо зиндагӣ мекунанд дар гирифтани ғизо мушкиле надоранд. Истеъмоли асосии Бабри барфӣ гӯсфандони кӯҳӣ, бузҳо, аммо онҳо низ метавонанд аз парандагон ва ҳайвоноти хурд, ки дар кӯҳҳо пайдо мешаванд ғизо гиранд.
Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид
2
1 октябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд. Кодекси мазкур аз ҷумлаи қонунҳое мебошад, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардидаанд. Кодекси экологӣ ба такмили заминаи ҳуқуқии ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таъмини амнияти экологӣ равона гардидааст. Қабули чунин санад барои ҳамоҳангсозии муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи экология ва муайян намудани асосҳои танзими фаъолияти вобаста ба ҳифзи табиат аҳаммияти муҳим дорад. Масъалаҳои пешгирии ифлосшавии муҳити зист, ҳифзи захираҳои обу замин, нигоҳдории гуногунии биологӣ ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ аз самтҳои муҳими рушди қонунгузории экологӣ ба шумор мераванд. Дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши таъсири фаъолияти инсон ба муҳити зист, такмили механизмҳои ҳуқуқии ҳифзи табиат ва баланд бардоштани масъулияти истифодабарандагони захираҳои табиӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Татбиқи муқаррароти Кодекси экологӣ ва риояи талаботи қонунгузорӣ метавонад ба беҳтар гардидани низоми ҳифзи муҳити зист, таҳкими назорати экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидат намояд.
Семинар-тренинг оид ба таҳияи Барномаи маърифати экологӣ дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
Д
ар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд санаҳои 19-20 октябр бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи амалии мутахассисон дар самти таҳия, банақшагирӣ, татбиқ ва мониторинги барномаҳои маҳаллӣ оид ба маърифати экологӣ, тағйирёбии иқлим ва ташаккули фарҳанги экологии аҳолӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе семинар-тренинг баргузор гардид. Дар кори семинар муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Тиллоӣ, намояндаи Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе Баҳринисо Нарзулоева, масъулон аз раёсати маорифи вилоят ва шаҳри Хуҷанд, шуъбаи рушди сайёҳии МИҲД вилоят, Раёсати тандурустӣ ва Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, рўзномаҳои вилоятӣ, телевизиони 7 Ситора, омўзгорон ва донишҷуёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Ташкилоти ҷамъиятии “Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф”, роҳбарон ва намояндагони шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
More Articles...
- Форуми IV-уми минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026» дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд
- Натиҷагирӣ аз фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар нуҳ моҳи соли 2026
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дарёи Сир моҳича сар доданд
- Ифтитоҳи бинои Маркази ташхис, таҳлил ва мониторинги экологии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд


