Дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи экологии "Бозиҳои тоза" доир гардид. Чорабинӣ бо икдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил карда шуда, дар он 150 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок намуданд. Рафти мусобиқа аз ҷониби иштирокчиён 320 кг партовҳои гуногун ҷамъоварӣ гардида, ба ғолибони мусобиқаи экологӣ диплом ва туҳфаҳо супорида шуд.
Вохӯрӣ дар коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан
Бахшида ба 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 дар толори коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан чорабинии иттилоотӣ баргузор гардид. Дар он мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан, котиб иҷроияи филиали ҶҲАТ дар шаҳри Истаравшан, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва донишҷӯёну омӯзгорон иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ аз тарафи намояндагони масъул оид ба соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, фаъолияти ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, дастовардҳои бахши ҳифзи муҳити зист дар даврони истиқлолият маълумотҳо дода шуд. Дар навбати худ аз тарафи мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан Юсуфзода Ю. барои гузоштани саҳми арзанда дар беҳдошти муҳити зист ва иштироки фаъолона дар аксияҳои экологӣ ба котиби иҷроияи ҳилоли Аҳмар дар вилояти Суғд ва директори коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ба муносибати 33-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ
Фарорасии ҷашни бузурги миллат 33-умин солгарди Истиқлоли Ватани азизамонро, ки баёнгари эҳсоси ватандорист ба Шумо самимона табрику таҳният мегӯям. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ таъкид намуданд, ки «Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад». Барҳақ истиқлолият рамзи соҳибдавлативу ватандории кишвари мост, ки дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ дар муддати ин солҳо корҳои зиёди ободониву созандагӣ дар кишвар ба анҷом расида, аз он ҷумла дар самти ҳифзи муҳити зист низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд, ки барои беҳбудӣ бахшидани фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд. Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Чумҳурии Тоҷикистонро ба кормандону мутахассисон ва собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист, тамоми ҳамватанонамон табрику таҳният гуфта, ободию озодӣ,ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоям. Фархунда бод ҷашни истиқлолу озодӣ!
Азнавсозии нуқтаҳои партовпартоӣ дар шаҳри Конибодом
Ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологӣ, таъмини иҷрои супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаи Ҷавонон (назди шуъбаи фарҳанги шаҳр) нуқтаҳои партовпартоӣ азнавсозӣ карда шуд.