Ба ифтихори эълони санаи 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо муассисаи таълимии № 24 бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо мизи мудаввар таҳти унвони “Ҳифзи пиряхҳо- ҳифзи ҳаёт дар сайёраи замин” баргузор гардид. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова ҳадафи ташкилу баргузории онро ба ҳозирин шарҳ дода, ҳамчунин иштирокдоронро ба муносибати санаҳои муҳими ҷашнӣ табрику муборакбод намуд. Устодону хонандагони муассиса дар мавзӯъҳои “Нақши Пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти обу иқлим”, “Вазъи кунунии пиряхҳои Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии обшавии онҳо” ва “Паёмадҳои тағйирёбии иқлим дар водии Фарғона” бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва маълумотҳои ҷолиб дар назди ҳозирин баромад карданд.
Баргузории вохӯриҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии об
Ҳангоми гузаронидани омӯзишу таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии об ду вохӯрӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ташкил карда шуд. Вохӯриҳо бо омӯзгорону хонандагон, аз он ҷумла аъзоёни раванди «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №5 ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ва №26 ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷ.Расулов доир гардида, ба иштирокдорон аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд маълумот дар бораи ин санаҳои муҳими экологӣ, муаммоҳои экологии ҷаҳонӣ оид ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим, Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, парандаи сол ва дигар маълумот вобаста ба мавзуъ пешниҳод гардид. Дар интиҳои ҳар як вохӯрӣ ба китобхонаҳои муассисаҳои таълимии мазкур як ададӣ Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маводи иттилоотӣ аз номи сарраёсат тақдим карда шуд.
Конференсия бахшида ба 21 март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 22 март – Рӯзи байналмилалии об
Дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд бо мақсади таҷлили санаҳои 21 март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 22 март – Рӯзи байналмилалии об конференсияи минтақавии ҳавзавии Сирдарё барпо гардид. Пеш аз оғози конференсия дар толори даромадгоҳи меҳмонхона намоиш - озмуни расмҳои бачагонаи тарбиятгирандагони мактаби рассомии шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Пиряхҳо ва об — сарвати табиатро барои оянда нигоҳ дорем» ба амал омада, ғолибон ва иштирокчиёни намоиш – озмун бо сипосномаю тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Боиси қайд аст, ки дар конференсия намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, менеҷери Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон, Котиботи байналмилалӣ оид ба об, сохторҳои давлатии вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо, соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, хоҷагии об, кишоварзӣ, маориф, Раёсати сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Маркази обуҳавосанҷӣ, Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё, шӯроҳои хурди ҳавзавии дарёҳои Исфана ва Оқсу, идораи «Хуҷандобуканал», Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва «Зан ва ҷомеа», ташкилоти байналхалқӣ ва ҷамъиятӣ, олимони донишгоҳҳо, коршиносон, васоити ахбори омма ва дигар шахсони тарафҳои манфиатдор аз вилоят, инчунин собиқ вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи даъват иштирок ва баромад намуданд.
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ
Фарорасии иди Наврӯзи байналмилалии фархундапайро, ки баёнгари ҷаҳони маънавӣ, эҳсоси ватандорӣ ва сарчашмаи созандагии ниёгон ва аҳли диёр аст, ба ҳамаи ҳамкасбон ва дӯстдорони табиат самимона табрику таҳният мегӯям. Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббусу иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯбаи «тамаддуни ҷаҳонӣ» аз 23 феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва инак 15 сол мешавад, ки ин ҷашни бедории табиат дар кишварҳои мухталифи сайёра ҳамчун иди байналмилалӣ қайд карда мешавад. Имрӯз беш аз 300 миллион нафар одамон Наврӯзро дар саросари ҷаҳон ҳамасола чун иди эҳёи табиат қайд мекунанд. Наврӯз таърих ва арзишҳои дурахшони тамаддунҳои башарист, ки дар тӯли қарнҳо арзишҳои инсониро дар худ нигоҳ доштааст. Бо омадани Наврӯз маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар саросари кишвар ранги тоза гирифта, аз ҷониби ҳамватанонамон дастгирии ҳамаҷониба пайдо намудааст. Наврӯзро пеш аз ҳама ҷашни покизагиву тозагӣ ва ободкорӣ, ки ба соҳаи ҳифзи муҳити зист алоқамандии бевосита дорад, метавон номид.
More Articles...
- Ошкор намудани шасти барқӣ аз тарафи кормандони Сарраёсат
- Фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд дар соли 2024 натиҷабардорӣ гардид
- Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ба ифтихори ҷашни фархундаи 8 март- Рӯзи Модар
- Барномаи телевизионии мустақими «Пайванд» бахшида ба масъалаҳои экологӣ