Овезаи экологӣ дар ноҳияи Ашт насб гардид

  Ҷиҳати иҷрои супориши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор истиқбол гирифтани  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, роҳи нақлиётгарди Шайдон - Қаҳрамон овезаи тарғиботии экологӣ бо навиштаҷоти «Захираҳои табиии Тоҷикистон нотакроранд» насб карда шуд. Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт минбаъд бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист, нигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ чунин амлҳоро пешбинӣ кардааст.

Назорати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера

  Баҳри пурзӯр намудани назорати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳаво, бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар ноҳияи Ҷ.Расулов амалиёти  «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 30 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳия  ирсол гардид.

Мизи мудаввар - «Ояндаи бидуни пластикӣ»

 Санаи 4 августи соли равон дар толори меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар таҳти унвони «Ояндаи бидуни пластикӣ» баргузор гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки таъсири партовҳои пластикӣ ба муҳити зист ҳамчун муаммои экологии даҳсолаи охир дар ҷаҳон ба шумор рафта, дар айни замон характери глобалӣ пайдо кардааст. Мизи мудаввари мазкурро намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Сафи» баргузор намуданд ва тибқи даъват намояндагони як қатор ташкилоти ҷамъиятӣ, ҷамъияти маъюбон ва мағозаҳои калони хўроквории шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Истаравшан, Б.Ғафуров, коргоҳи коркарди дуюмбораи партовҳои пластикӣ ҶДММ «Тоҷпет», васоити ахбори омма, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва дигар ташкилоти ба амалӣ гардидани лоиҳа ҷалбшуда ҳузур доштанд. Дар рафти чорабинӣ муҳокимаи қадамҳои иваз кардани халтаҳои полиэтиленӣ ба халтаҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дастгирии истеҳсолоти хурд барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, таъсири партовҳои пластикӣ ба муҳити зист, аҳамияти коркарди такрории партовҳои пластикӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба бехатарӣ ва амнияти экологии инсон, беҳтар намудани сифати зиндагӣ ва пешгирии роҳҳои ифлосшавии муҳити зист бахшида шудааст, амалӣ гардид. Боиси қайд аст, ки чорабиниҳои мазкур ва минбаъда дар доираи лоиҳа гузаронида шуда, аз тарафи Барномаи грантҳои хурди Фонди глобалии экологӣ ва Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон дастгирӣ карда мешаванд.

Аксияи «Тозагии роҳ» дар ноҳияи Ҷ.Расулов

  Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ барои ташрифи меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд дар ҷамоати деҳоти Деҳмой аксияҳои экологии умуминоҳиявӣ доир гардид. Дар маҷмўъ, рафти аксияҳо беш аз 800 нафар намояндагони ташкилоту муассиса, идора ва сокинони ҷамоат иштирок намуданд. Як қатор корҳо дар доираи аксияи «Тозагии роҳ» ба сомон расонида шуд, ки зиёда аз 6 км қаддӣ шоҳроҳи Ҷ.Расулов – Конибодом аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза ва 14 метри мукааб партовҳо дар партовгоҳи ноҳия ҷойгир гардид. Тибқи нақшаи пешбинигардида, рўзҳои наздик аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов дар қаддӣ шоҳроҳи мазкур 200 бех ниҳоли дарахтони ҳмешасабзи санавбар шинонида мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.