Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 2 августи соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2024 доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқатӣ», «Ризқофарин», «Нилуфар», «Кайҳон», «Сайҳун», «Соҳил», «Саломат бошед», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия Плюс, «Озодӣ», «Сугднюс», «Спутник», телевизионҳои Суғд, ШТР «Азия», «Синамо», «7 Ситора», радиоҳои «Пайванд», «Шаҳри ман» дар маҷмӯъ 29 нафар намояндагон иштирок доштанд.
Аксияи “Тозагии соҳил” дар обанбори Баҳри Тоҷик
Бо мақсади иҷрои барқияи фаврии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовор пешвоз гирифтани 33-солагии Истиқлоли давлатии ҶумҳурииТоҷикистон, дар шароити мусоид нигоҳ доштани минтақаҳои муҳофизатии обанборҳо ва паст намудани таъсири манфӣ ба онҳо, бо ҷалби табақаи васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма дар обанбори Баҳри Тоҷик аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуд. Чорабинӣ аз ҷониби шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияи Гулистон, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров бо иштироки беш аз 600 нафар шаҳрвандон, кормандони корхонаву ташкилот ташкил карда шуд. Ҷараёни аксия 4 км соҳили обанбор азалафҳои бегона ва партовҳои гуногун тоза карда шуда, 18 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ тавассути нақлиётҳоимахсусикоммуналӣ ҷойгиронидашуданд. Рафти аксия тариқи телевизиони Тоҷикистон ба навор гирифта шуд.
Гузаронидани вохуриҳои иттилоотӣ ва роҳандозӣ намудани ҳамкории доимӣ бо эковолонтерон ва дӯстдорони табиат
Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, гузаронидани вохуриҳои иттилоотӣ ва роҳандозӣ намудани ҳамкории доимӣ бо эковолонтерон ва дӯстдорони табиат яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад гурӯҳи эковолонтерон дар доираи лоиҳаи идоракунии партовҳо «Экопроактив» бо дастгирии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати шиносоӣ аз ҳолат ва фаъолияти партовгоҳи КВДК шаҳри Хуҷанд бо иштироки эковоленторон, блогерхо ва фаъолон – дӯстдорони табиат экскурсияи омӯзишӣ ташкил намуданд.
Натиҷабардорӣ аз фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд
Санаи 23 июли соли 2024, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти нимсола таҳтираёсати муовини Раиси вилоят, раиси комиссия Зариф Мирдадо ва иштироки аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо - раисони комиссияҳои маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо - муовин ва котибони комиссия баргузор гардид. Дар оғози ҷаласа аз ҷониби муовини Раиси вилоят қайд гардид, ки ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологии аҳолӣ, алалхусус баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ таваҷҷуҳи хосаи мақомоти давлатии вилоятию маҳаллӣ ва ҷалби тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ андешидани чораҳо ва тадбирҳои ҳамарӯзаи заруриро талаб менамояд. Вобаста ба масъалаи рӯзнома гузориши муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳитизистдарвилояти Суғд Каримзода Ф. ба таври муфассал шунида шуд.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар шаҳри Истаравшан
Рафти иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, № 626 “Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми партовҳо, мукаммал намудани механизми баҳисобгирии партовҳо” зери назорати доимии мақомоти ҳифзи муҳити зист қарор дорад.Бо иқдоми мақомоти зертобеи Сарраёсат дар шаҳри Истаравшан, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф аз партовҳо дар давоми нимсолаи якуми соли равон дар қаддишоҳроҳи Душанбе - Чаноқ, минтақаи ҷамоати деҳоти Зарҳалол ва Пошкент, ҷамоати деҳоти Ниҷонӣ ва Гули сурх хамагӣ 14 адад партовҳои бесоҳиб бартараф карда шуд. Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолати ғайрирасмӣ партофтани партовҳо ва назорати доимӣ дар дохили шаҳр хиёбони Исмоили Сомонӣ, Ваҳдат ва Истиқлол 11 адад камераҳои мушоҳидавӣ- назоратӣ насб гардид.Бо истифода аз камераҳои мушоҳидавӣ зиёда аз 20 нафар шаҳрвандон барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми муомилот бо партовҳо ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ карда шуд.
Страница 22 из 311