Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Конибодом

  Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар шаҳри Конибодом амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 32 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Семинари омӯзишӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин

  Санаи 20.04.2023 дар толори сарраёсат бахшида ба 22 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии замин семинари омӯзишӣ бо иштироки кормандони шуъбаҳои сарраёсат ва мутахассисони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, ки ба назорати самти ҳифзи замин вобаста мебошанд иштирок доштанд. Тибқи барномаи семинар аз ҷониби сармутахассисон баромадҳо дар мавзӯҳои роҳҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корами вилояти Суғд, истифодаи захираҳои замин ва оқибати экологии он, маълумоти итиллотӣ оид ба баргузории Рӯзи Замин, тартиби дуруст ҳисоб намудани зарар ҳангоми ифлос намудани замин шунида шуд. Ҳамзамон доир ба масъалаҳои пешгирии эрозия ва биёбоншавии замин, барқарорсозии хати муҳофизатии ҷангал ва корбарӣ ҷиҳати муайян намудани ҳолати расонидани зарар ба захираҳои замин қайд карда шуд.  Дар қисмати муҳокимаи маърӯзаҳо ва таҳлили баромадҳо саволу ҷавоб сурат гирифта, ба саволҳои худ иштирокчиён маълумоти мушаххас гирифтанд.

Расонидани кӯмак ба Хона интернати маъюбон ва бепарасторони шаҳри Панҷакент

  Дар арафаи Иди Саиди фитр баҳри иҷрои барқияи Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2023, № 34/10-8 бо мақсади кӯмак намудан ба табақаҳои иҷтимоии ниёзманди ҷомеа аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент ба Хона интернати маъюбон ва бепарасторони шаҳр  маводҳои хоҷагидорӣ ва асбобу анҷоми рӯзғор супорида шуд. Чунин иқдомҳо мунтазам аз тарафи шуъба  дар арафаи ҷашну идҳо гузаронида мешавад.

Аёдати собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист бахшида ба Иди Саиди фитр

Дар арафаи Иди саиди фитр аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом собиқадори соҳа Ҳомидов  Толибҷон, ки ҳамчун нахустин мудири бахш фаъолият намудааст,  аёдат карда шуда, кӯмаки моддию молиявӣ расонида шуд. Чунин иқдом баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ  амалӣ мегардад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.