Насби овезаи экологӣ дар ноҳияи Айнӣ

  Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ дар қадди шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, ки ҳамарўза ҳамчун минтақаи сернақлиёти мусофиркашон ба ҳисоб меравад овезаи экологиро бо навиштаҷоти «Тоҷикистон дар арсаи байналмилати ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст» насб намуд. Иқдоми мазкур бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Дар шаҳри Конибодом овезаи экологӣ насб гардид

  Аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом дар кўчаи Камоли Хуҷандӣ, дар назди баромад ба хиёбони марказии шаҳр  овезаи экологӣ насб гардид. Ин иқдом бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Ҳадаф аз насб намудани овезаҳои тарғиботӣ баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист, нигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ маҳсуб меёбад.

Насби овезаи экологӣ дар шаҳри Гулистон

  Аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон дар маҳалаи Сарбанди шаҳр, гардиши осоишгоҳи «Баҳористон» овезаи экологӣ, тибқи супориши Кумита бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028  насб гардид. Ин иқдом бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Ҳадаф аз насб намудани овезаҳои тарғиботӣ баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба муҳити зист, нигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ маҳсуб меёбад.

Нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти нимсола

  Санаи 22 июли соли 2021, тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зист оид ба натичаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Сухани халқ», «Суғд ҳақиқатӣ», «Согдийская правда», «Ризқофарин», «Меҳри замин», «Саломат бошед», «Нилуфар», «Лочин», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс», «Суғднюс», «Спутник», радиои «Озодӣ»,  намояндагони телевизионҳои «Сафина», «Баҳористон», ТВ  Суғд, ШТР «Азия»,  «СМ-1» ва «Диёр», дар маҷмўъ 26 нафар намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар нимсолаи якуми соли 2021 ва дигар маводи иттилоотӣ дастрас гардид. Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба санҷишҳои дар корхонаҳои саноатӣ гузаронида ва чораҳои андешидашуда, амалҳои ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ҳолати парваришгоҳи раёсат дар ноҳияи Шаҳристон, дар бораи пешниҳоди маблағи зарар, парвариши хук дар ноҳияи Ҷ.Расулов, сабаби хушкшавии дарахтон, хусусиятҳои дарахти магнолия, натиҷаи ҳодисаи худкушӣ дар шаҳри Конибодом,  ҳолати нигоҳ доштани лампаҳои каммасрафи симобдори корношоям, дарёфт намудани манбаи бӯи ғализ дар маҳаллаҳои  3, 8, 12, 13, 14 ва 15, ки қариб давоми ду соли охир аҳолиро ба ташвиш овардааст, пешгирии ифлосшавии манбаҳои обӣ, муҳити зист ва дигар масъалахои ташвишовар дар  самти ҳифзи муҳити зист ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.