9 май

  Иштироки   кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят  дар  маросими гулгузорӣ  ба ифтихори 78 солагии Иди Ғалабадар назди Муҷассамаи ёдгорӣ ба хотираи шаҳидони  Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945

Захираҳои замин – кафили амнияти озуқавории Тоҷикистон

  Бо мақсади таъмини тарғиби муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқавории аҳолии мамлакат дар толори калони Раёсати донишгоҳ ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Захираҳои замин-кафили амнияти озуқавории Тоҷикистон" бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2020-2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" ва Рӯзи байналмилалии Замин баргузор гардид. Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи илмӣ-амалӣ профессорону дотсентон, омӯзгорон, магистрантону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ аз ҷумла сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз Ғуфрон ва сардори шӯъбаи эрозия ва мелиоратсияи хоки Институти хокшиносии АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Аминов Шариф Раззоқович иштирок доштанд. Конференсияи илмӣ-амалиро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ профессор Сабурӣ Хайрулло Мирзозода ҳусни оғоз бахшида, сипас, сардори шӯъбаи эрозия ва мелиоратсияи хоки Институти хокшиносии АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Аминов Ш. дар мавзӯи “Паҳншавии эрозияи хок дар Тоҷикистон ва тадбирҳои асосии мубориза бо он”,  Абдураҳимов С. - профессори кафедраи географияи табиӣ МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, доктори илмҳои геология ва минералогия дар мавзӯи “Генезис, баҳодиҳӣ, бавуҷудоӣ ва паҳншавии заминҳои вайроншуда дар шимоли Тоҷикистон”, Собиров М.С. - дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”, номзади илмҳои кишоварзӣ дар мавзӯи “Давраҳои асосии ташаккул ва рушди сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои замин” баромад намуданд. Дар фарҷом Сабурӣ Хайрулло Мирзозода баромад намуда қайд карданд, ки конференсияи илмӣ-амалӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуда, ин боиси сайқал додани малакаю маҳорати илмомӯзӣ ва дониши назариявӣ мегардад.

Вохӯрии корӣ дар доираи Форуми VII оид ба «Нақш ва дурнамои иштироки занон дар идоракунии ҳамгироии захираҳои об»

   Дар меҳмонхонаи «Суғдиён» дар доираи Форуми VII оид ба «Нақш ва дурнамои иштироки занон дар идоракунии ҳамгироии захираҳои об» вохурии корӣ доир гардид. Форум аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятии «Ассотсиасияи зан ва ҷомеа» ташкил карда шуда, дар он занон аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳои давлативу назоратӣ иштирок доштанд. Тибқи барнома дар вохӯрӣ оид ба пешбурди фаъолияти Форум , чорабиниҳои гузаронидашуда дар Муассисаҳои давлатии таълимии Донишгоҳу Донишкадаҳо, баргузории Рӯзи дарёи Сирдарё, иштироки Форуми занони Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи баланд оид ба об дар Ню-Йорк (22-24 март), маълумоти омории финалӣ оид ба нишондиҳандаҳои тендерӣ дар сатҳи ҳавзаи дарёи Сирдарё (маълумот аз сохторҳои давлатӣ – аъзоёни котиботи ФҲЗ), видеоролик дар бораи нақши занон дар қисми тоҷикии дарёи Сир пешниҳоди иштирокчиён гардид. Бояд қайд намуд, ки вазифаи Форуми ҳавзавии занон дар чорчӯбаи Муколамаи ҳавзаи Сирдарё ин ҷалби занон ва фаъол гардонидани иштироки онҳо дар қабул ва таҳияи масъалаҳои мубрами соҳа, идоракунии захираҳои обӣ равона шудааст. Форуми ҳавзавии занон инчунин ба раванди иҷроиши барномаи миллии баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон ва Стратегияи Миллии Рушд – 2030 мусоидат менамояд.

15 май - Рӯзи байналмилалии иқлим

  Дар солҳои охир масъалаи тағйирёбии иқлим таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст. Зеро тағйирёбии иқлим ба муҳити зист низ таъсири манфии худро мерасонад. Бори аввал масъалаи тағйрёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ соли 1992 дар Саммити Замин дар Рио де-Жанейро баррасӣ шуд. Зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия ва кишварҳои собиқи ИҶШС Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлимро имзо карданд. Саволе пайдо мешавад, ки кадом омилҳо боиси тағйирёбии иқлим мегардад? Иқлимшиносон яке аз сабабҳои пайдоиши тағйирёбии иқлимро дар кураи замин ба хориҷшавии газҳои парникӣ нисбат медиҳанд. Ба газҳои парникӣ ва гулхонаӣ – СО (оксиди карбон), СО2 (диоксиди карбон), СН 4 (метан), N2O (диоксиди азот), CF4 (перифторидхои карбон), SO2 (диоксиди сулфур) дохил мешаванд. Буриши дарахтону ҷангалзорҳо барои дарёфти ҳезум, майдонҳои бе дарахтро васеъ намуда сабаби зиёдшавии газҳои гуногуни парникӣ, хусусан гази СО2 мегардад, ки ба муҳити зист зарари ҷиддӣ ворид менамояд. Аз ибтидои асри ХХ то имрӯз сатҳи хориҷшавии гази СО2 дар атмосфера 31% баланд гаштааст. Тибқи сарчашмаҳои иқлимию гидрометеорологӣ Тоҷикистон дар миёни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати кам хориҷ намудани газҳои парникӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Иқлими кишвари мо - Тоҷикистонро асосан гарму хушк, континенталии шадид бо зимистону кӯтоҳи мулоим ва тобистони тӯлонӣ муаррифӣ кардаанд. 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.