Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», дар амал татбиқ намудани талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва баланд бардоштани дониши экологии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, мутахассисони сарраёсат бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд дар доираи лоиҳаҳои экологӣ ҳамкории зич доранд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом байни дастаҳои 6 муассисаҳои таълимӣ баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин озмун – викторина баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз рӯи шартҳои «Саломнома», «Вазифаи хонагӣ», «Гурўҳи дастгирӣ» ва «Викторина» роҳандозӣ гардида, 6 дастаҳои мактаб қувваозмоӣ намуданд.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Ашт
Тибқи нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар амалиёт 28 адад нақлиётҳои автомобилӣ аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳия ирсол карда шуд.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент
Аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар Панҷакент бо ҳамкории кормандони БДА-и шаҳр дар шоҳроҳи Панҷакент- Айнӣ амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуда, 30 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуд. Рафти амалиёт миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда нашуд.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Исфара
Бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин дар соҳили дарёи Исфара аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 50 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ - аъзоёни Гӯшаи Амрико фаъолона иштирок намуда, ду тарафи соҳили дарё аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона ба миқдори 4 м3 тоза карда шуд. Мавриди зикр аст, ки бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара якҷоя бо Гӯшаи Амрикоӣ чунин аксияҳои экологиро мунтазам доир менамояд, ки ин барои баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас мусоидат менамояд.